Тарк кардани беҳтарини офаридагорон
Илёс аз қавми худ мепурсад: «Оё Баълро мехонед ва беҳтарини офаридагорон — Аллоҳро, Парвардигори худ ва Парвардигори падарони пешинаи худро тарк мекунед?» Онҳо ӯро дурӯғгӯй мешуморанд. Аллоҳ бандагони бахлоси Худро наҷот медиҳад ва барои Илёс дар миёни наслҳои баъдӣ ёди нек мегузорад: «Салом бар Илёсин». Дар ҷои дигар ӯ аз ҷумлаи солеҳон шумурда шудааст.
Намоиши оятҳо (11)
وَإِنَّ إِلْيَاسَ لَمِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ ﴿١٢٣﴾
Ва Илёс аз паёмбарон буд.
إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِۦٓ أَلَا تَتَّقُونَ ﴿١٢٤﴾
Ба мардуми худ гуфт: «Оё аз Худо наметарсед?
أَتَدْعُونَ بَعْلًۭا وَتَذَرُونَ أَحْسَنَ ٱلْخَٰلِقِينَ ﴿١٢٥﴾
Оё Баълро ба худои мехонед ва Он беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед?
ٱللَّهَ رَبَّكُمْ وَرَبَّ ءَابَآئِكُمُ ٱلْأَوَّلِينَ ﴿١٢٦﴾
Парварднгори шумо ва Парвардигори падаронатон Худои яктост».
فَكَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ ﴿١٢٧﴾
Пас дурӯғаш бароварданд ва онон аз ҳозиркардагонанд, (дар азоб)
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلْمُخْلَصِينَ ﴿١٢٨﴾
Ғайри бандагони мухлиси Худо!
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِى ٱلْءَاخِرِينَ ﴿١٢٩﴾
Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِلْ يَاسِينَ ﴿١٣٠﴾
Салом бар хонадони Илёс!
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ ﴿١٣١﴾
Мо некӯкоронро инчунин подош (мукофот) медиҳем!
إِنَّهُۥ مِنْ عِبَادِنَا ٱلْمُؤْمِنِينَ ﴿١٣٢﴾
Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.
وَزَكَرِيَّا وَيَحْيَىٰ وَعِيسَىٰ وَإِلْيَاسَ ۖ كُلٌّۭ مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ﴿٨٥﴾
Ва Закариёву Яҳё ва Исову Илёс, ки ҳама аз солеҳон буданд.