Фазилати ёд кардани Аллоҳ
قَالَ صلى الله عليه وسلم مَنْ قَالَ: سُبْحَانَ اللَّهِ وَبِحَمْدِهِ فِي يَوْمٍ مِائَةَ مَرَّةٍ حُطَّتْ خَطَايَاهُ وَلَوْ كَانَتْ مِثْلَ زَبَدِ الْبَحْر)).
(Ҳар кӣ дар рӯз сад бор бигӯяд:(Пок аст Аллоҳ ва Ӯро ҳамд мегӯям.) гуноҳонаш пок карда мешавад, ҳарчанд мисли кафи баҳр бошанд.)
وَقَالَ صلى الله عليه وسلم: ((مَنْ قَالَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ، وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ عَشْرَ مِرَارٍ، كَانَ كَمَنْ أَعْتَقَ أَرْبَعَةَ أَنْفُسٍ مِنْ وَلَدِ إِسْمَاعِيلَ)).
(Абӯ Ҳурайра нақл мекунад, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: ‘Ҳар кӣ дар рӯз сад бор бигӯяд: (Ҷуз Аллоҳи ягона, ки шарик надорад, маъбуде сазовори парастиш нест. Фармонравоӣ ва ҳамд аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност.) подоши озод кардани даҳ ғулом ба ӯ дода мешавад, барояш сад савоб навишта мешавад ва сад гуноҳ аз ӯ пок карда мешавад ва он рӯз то шом аз шайтон дар паноҳ мемонад ва касе чизи беҳтаре наоварад, магар касе ки бештар аз он кардааст.)
وَقَالَ صلى الله عليه وسلم: ((كَلِمَتَانِ خَفِيفَتَانِ عَلَى اللِّسَانِ، ثَقِيلَتَانِ فِي الْمِيزَانِ، حَبِيبَتَانِ إِلَى الرَّحْمَنِ: سُبْحَانَ اللَّهِ وَبِحَمْدِهِ، سُبْحانَ اللَّهِ الْعَظِيمِ)).
(Абӯ Ҳурайра нақл мекунад, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуд:’(Ду калима ҳастанд, ки бар забон сабук, дар тарозу вазнин ва ба Бахшоишгари бепоён маҳбубанд: (Пок аст Аллоҳ ва Ӯро ҳамд мегӯям. Пок аст Аллоҳи Бузург.))
وَقَالَ صلى الله عليه وسلم: ((لَأَنْ أَقُولَ سُبْحَانَ اللَّهِ، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ، وَلاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ، أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا طَلَعَتْ عَلَيْهِ الشَّمسُ)).
(Абӯ Ҳурайра нақл мекунад, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: ‘Гуфтани: (Пок аст Аллоҳ ва ҳамд аз они Аллоҳ аст. Ҷуз Аллоҳ маъбуде сазовори парастиш нест ва Аллоҳ бузургтар аст.) назди ман аз ҳар чизе, ки офтоб бар он тулӯъ кардааст, маҳбубтар аст.)
وَقَالَ صلى الله عليه وسلم: ((أَيَعْجِزُ أَحَدُكُم أَنْ يَكْسِبَ كُلَّ يَوْمٍ أَلْفَ حَسَنَةٍ)) فَسَأَلَهُ سَائِلٌ مِنْ جُلَسَائِهِ كَيْفَ يَكْسِبُ أَحَدُنَا أَلْفَ حَسَنَةٍ؟ قَالَ: ((يُسَبِّحُ مِائَةَ تَسْبِيحَةٍ، فَيُكتَبُ لَهُ أَلْفُ حَسَنَةٍ أَوْ يُحَطُّ عَنْهُ أَلْفُ خَطِيئَةٍ)).
(Саъд нақл мекунад: ‘Назди Расули Аллоҳ ﷺ нишаста будем ва ӯ фармуд: ‘Оё касе аз шумо наметавонад ҳар рӯз ҳазор савоб ба даст оварад?’ Касе аз ӯ пурсид: Чӣ гуна касе ҳазор савоб ба даст меорад? Ӯ посух дод: ‘Бояд сад бор бигӯяд: (Пок аст Аллоҳ.), зеро барояш ҳазор савоб навишта мешавад ё ҳазор гуноҳ аз ӯ пок карда мешавад.)
((مَنْ قَالَ: سُبْحَانَ اللَّهِ الْعَظِيمِ وَبِحَمْدِهِ غُرِسَتْ لَهُ نَخْلَةٌ فِي الْجَنَّةِ)).
(Ҷобир нақл мекунад, ки Пайғамбар ﷺ фармуд: ‘Ҳар кӣ бигӯяд: (Пок аст Аллоҳи Бузург ва Ӯро ҳамд мегӯям.) дар биҳишт барояш хурмое мекоранд.)
وَقَالَ صلى الله عليه وسلم: ((يَا عَبْدَ اللَّهِ بْنَ قَيْسٍ أَلاَ أَدُلُّكَ عَلَى كَنْزٍ مِنْ كُنُوزِ الْجَنَّةِ))؟ فَقُلْتُ: بَلَى يَا رَسُولَ اللَّهِ، قَالَ: ((قُلْ لاَ حَوْلَ وَلاَ قُوَّةَ إِلاَّ بِاللَّهِ)).
(Абдуллоҳ ибни Қайс нақл мекунад, ки Пайғамбар ﷺ ба ӯ фармуд: ‘Эй Абдуллоҳ ибни Қайс, оё туро аз ганҷе аз ганҷҳои биҳишт огоҳ накунам?’ Сипас фармуд: ‘Бигӯ: (Ҳеҷ тавон ва қудрате нест, магар бо Аллоҳ.))
وَقَالَ صلى الله عليه وسلم: ((أَحَبُّ الْكَلاَمِ إِلَى اللَّهِ أَرْبَعٌ: سُبْحَانَ اللَّهِ، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ، وَلاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ، لاَ يَضُرُّكَ بِأَيِّهِنَّ بَدَأتَ)).
(маҳбубтарин калимот назди Аллоҳ чорто ҳастанд: (Пок аст Аллоҳ, ҳамд аз они Аллоҳ аст. Ҷуз Аллоҳ маъбуде сазовори парастиш нест ва Аллоҳ бузургтар аст.))(фарқ надорад, аз кадомаш оғоз кунӣ.)
جَاءَ أَعْرَابِيٌّ إِلَى رَسُولِ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم فَقَالَ: عَلِّمْنِي كَلاماً أَقُولُهُ: قَالَ: ((قُلْ: لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، اللَّهُ أَكْبَرُ كَبِيراً، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ كَثِيراً، سُبْحَانَ اللَّهِ رَبِّ العَالَمِينَ، لاَ حَوْلَ وَلاَ قُوَّةَ إِلاَّ بِاللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ)) قَالَ: فَهَؤُلاَءِ لِرَبِّي، فَمَا لِي؟ قَالَ: ((قُلْ: اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي، وَارْحَمْنِي، وَاهْدِنِي، وَارْزُقْنِي)).
(Саъд ибни Абӣ Воққос нақл мекунад, ки марде назди Расули Аллоҳ ﷺ омад ва ба ӯ гуфт: ‘Чизеро ба ман биомӯз, ки бигӯям?’ Ӯ фармуд: ‘Бигӯ: (Ҷуз Аллоҳи ягона, ки шарик надорад, маъбуде сазовори парастиш нест. Аллоҳ бисёр бузург аст ва ҳамди бисёр аз они Аллоҳ аст. Пок аст Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён. Ҳеҷ тавон ва қудрате нест, магар бо Аллоҳи Пурқудрат ва Ҳаким.) он мард гуфт: ‘Инҳо барои Парвардигори ман, пас барои ман чист?’ Ӯ фармуд: ‘Бигӯ:(Эй Аллоҳ, маро биомӯрз, бар ман раҳм кун, маро ҳидоят кун ва ба ман рӯзӣ бидеҳ.))
كَانَ الرَّجُلُ إِذَا أَسْلَمَ عَلَّمَهُ النَّبيُّ صلى الله عليه وسلم الصَّلاَةَ ثُمَّ أَمَرَهُ أَنْ يَدْعُوَ بِهَؤُلاَءِ الْكَلِمَاتِ: ((اللَّهُمَّ اغْفِرِ لِي، وَارْحَمْنِي، وَاهْدِنِي، وَعَافِنِي وَارْزُقْنِي)).
(Ториқ ал-Ашҷаъӣ нақл мекунад: ‘Ҳар гоҳ касе Исломро қабул мекард, Пайғамбар ﷺ ба ӯ намоз хондан меомӯхт ва сипас амр мекард, ки бо ин калимот дуо кунад: (Эй Аллоҳ, маро биомӯрз, бар ман раҳм кун, маро ҳидоят кун, ба ман тандурустӣ ва рӯзӣ бидеҳ.))
((إِنَّ أَفْضَلَ الدُّعَاءِ الْحَمْدُ لِلَّهِ، وَأَفْضَلَ الذِّكْرِ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ)).
(Ҷобир ибни Абдуллоҳ нақл мекунад, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: ‘Ҳароина беҳтарин дуо ин аст: (Ҳамд аз они Аллоҳ аст.) ва ба ростӣ беҳтарин зикр ин аст: (Ҷуз Аллоҳ маъбуде сазовори парастиш нест.))
الباقيات الصالحات : سبحان الله والحمد لله ، ولا إله إلا الله ،والله أكبر ،و لا حول ولا قوة إلا بالله
Аъмоли неку боқӣ мондагор: «Пок аст Аллоҳ», ва «Ҳамд аз они Аллоҳ аст», ва «Ҷуз Аллоҳ маъбуде сазовори парастиш нест», ва «Аллоҳ бузургтар аст», ва «Ҳеҷ тавон ва қудрате нест, магар бо Аллоҳ»