Muslim Flow дар ҳоли санҷиш аст ва ба қарибӣ дар Google Play пайдо мешавад. Боргирӣ

Сураи 91-уми Қуръон

Сураи Ash-Shams

Маккӣ 15 оят Ҷузъ 30
Ash-Shams

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلشَّمْسِ وَضُحَىٰهَا ﴿١﴾

Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱلْقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا ﴿٢﴾

ва савганд ба моҳ чун аз паи он барояд

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا ﴿٣﴾

ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱلَّيْلِ إِذَا يَغْشَىٰهَا ﴿٤﴾

ва савганд ба шаб, чун рӯзро бипушад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا ﴿٥﴾

ва савганд ба осмону он ки онро бино карда

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱلْأَرْضِ وَمَا طَحَىٰهَا ﴿٦﴾

ва савганд ба замину он ки онро бигустурда

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَنَفْسٍۢ وَمَا سَوَّىٰهَا ﴿٧﴾

ва савганд, ба нафсу он ки некӯяш биёфарида,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَىٰهَا ﴿٨﴾

сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّىٰهَا ﴿٩﴾

ки ҳар ки дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا ﴿١٠﴾

ва ҳар кӣ дар палидиаш кӯшид, зиён кард.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِطَغْوَىٰهَآ ﴿١١﴾

Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشْقَىٰهَا ﴿١٢﴾

Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقْيَٰهَا ﴿١٣﴾

Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمْدَمَ عَلَيْهِمْ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمْ فَسَوَّىٰهَا ﴿١٤﴾

Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَلَا يَخَافُ عُقْبَٰهَا ﴿١٥﴾

Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

Ash-Shams Ояти 1 аз 15

Матни арабӣ: хати усмонӣ. Тарҷумаи англисӣ: AbdolMohammad Ayati. Садо: everyayah.com.

Дар бораи сураи Ash-Shams

Сураи Ash-Shams (الشمس) сураи 91-уми Қуръон аст. Он 15 оят дорад ва дар Ҷузъи 30 ҷойгир аст. Он ба сураҳои маккӣ тааллуқ дорад, яъне асосан пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина нозил шудааст.

Номи он, الشمس, ҳамон аст, ки сура ба арабӣ бо он маълум аст.

Саволҳо дар бораи сураи Ash-Shams

Дар сураи Ash-Shams чанд оят ҳаст?

Сураи Ash-Shams 15 оят дорад.

Оё сураи Ash-Shams маккӣ аст ё мадинӣ?

Он ба сураҳои Маккӣ тааллуқ дорад.

Сураи Ash-Shams дар кадом ҷузъ аст?

Сураи Ash-Shams дар ҷузъи 30 аст.

Сураи Ash-Shams-ро аз куҷо гӯш кардан мумкин аст?

Дар ин саҳифа «Пахш»-ро зер кунед, то оятбаоят бо овози Абдурраҳмон ас-Судайс, Мишорӣ Алофасӣ, Маҳмуд Халил ал-Ҳусарӣ, Абдулбосит Абдуссамад, Моҳир ал-Муайқилӣ, Саъд ал-Ғомидӣ, Аҳмад ал-Аҷмӣ, Абубакр аш-Шотирӣ, Ҳонӣ ар-Рифоӣ, Муҳаммад Сиддиқ ал-Миншовӣ, Алӣ ал-Ҳузайфӣ, Муҳаммад Айюб, Абдуллоҳ Басфар, Ёсир ад-Дусарӣ, Носир ал-Қотамӣ, Салоҳ ал-Будайр, Саъуд аш-Шурайм, Абдуллоҳ Авад ал-Ҷуҳанӣ, Муҳаммад Ҷибрил шунида шавад.

WhatsApp