Muslim Flow дар ҳоли санҷиш аст ва ба қарибӣ дар Google Play пайдо мешавад. Боргирӣ

Сураи 84-уми Қуръон

Сураи Al-Inshiqaq

Маккӣ 25 оят Ҷузъ 30
Al-Inshiqaq

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتْ ﴿١﴾

Чун осмон шикофта шавад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ ﴿٢﴾

ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَإِذَا ٱلْأَرْضُ مُدَّتْ ﴿٣﴾

ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَأَلْقَتْ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتْ ﴿٤﴾

ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ ﴿٥﴾

ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يَٰٓأَيُّهَا ٱلْإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدْحًۭا فَمُلَٰقِيهِ ﴿٦﴾

Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَأَمَّا مَنْ أُوتِىَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ ﴿٧﴾

Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَسَوْفَ يُحَاسَبُ حِسَابًۭا يَسِيرًۭا ﴿٨﴾

ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهْلِهِۦ مَسْرُورًۭا ﴿٩﴾

ва шодмон назди касонаш бозгардад.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَأَمَّا مَنْ أُوتِىَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهْرِهِۦ ﴿١٠﴾

Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَسَوْفَ يَدْعُوا۟ ثُبُورًۭا ﴿١١﴾

ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَيَصْلَىٰ سَعِيرًا ﴿١٢﴾

Ва ба оташи афрӯхта дарояд.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّهُۥ كَانَ فِىٓ أَهْلِهِۦ مَسْرُورًا ﴿١٣﴾

Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ ﴿١٤﴾

Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

بَلَىٰٓ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرًۭا ﴿١٥﴾

Оре, Парвардигораш ӯро медидааст.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَلَآ أُقْسِمُ بِٱلشَّفَقِ ﴿١٦﴾

Пас ба шафақ савганд мехӯрам

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱلَّيْلِ وَمَا وَسَقَ ﴿١٧﴾

ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱلْقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ ﴿١٨﴾

ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

لَتَرْكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٍۢ ﴿١٩﴾

ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَمَا لَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ ﴿٢٠﴾

Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

84:21 Ояти саҷда

وَإِذَا قُرِئَ عَلَيْهِمُ ٱلْقُرْءَانُ لَا يَسْجُدُونَ ۩ ﴿٢١﴾

Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда).

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ يُكَذِّبُونَ ﴿٢٢﴾

Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд).

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُوعُونَ ﴿٢٣﴾

Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ﴿٢٤﴾

Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمْ أَجْرٌ غَيْرُ مَمْنُونٍۭ ﴿٢٥﴾

ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

Al-Inshiqaq Ояти 1 аз 25

Матни арабӣ: хати усмонӣ. Тарҷумаи англисӣ: AbdolMohammad Ayati. Садо: everyayah.com.

Дар бораи сураи Al-Inshiqaq

Сураи Al-Inshiqaq (الانشقاق) сураи 84-уми Қуръон аст. Он 25 оят дорад ва дар Ҷузъи 30 ҷойгир аст. Он ба сураҳои маккӣ тааллуқ дорад, яъне асосан пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина нозил шудааст.

Номи он, الانشقاق, ҳамон аст, ки сура ба арабӣ бо он маълум аст.

Саволҳо дар бораи сураи Al-Inshiqaq

Дар сураи Al-Inshiqaq чанд оят ҳаст?

Сураи Al-Inshiqaq 25 оят дорад.

Оё сураи Al-Inshiqaq маккӣ аст ё мадинӣ?

Он ба сураҳои Маккӣ тааллуқ дорад.

Сураи Al-Inshiqaq дар кадом ҷузъ аст?

Сураи Al-Inshiqaq дар ҷузъи 30 аст.

Сураи Al-Inshiqaq-ро аз куҷо гӯш кардан мумкин аст?

Дар ин саҳифа «Пахш»-ро зер кунед, то оятбаоят бо овози Абдурраҳмон ас-Судайс, Мишорӣ Алофасӣ, Маҳмуд Халил ал-Ҳусарӣ, Абдулбосит Абдуссамад, Моҳир ал-Муайқилӣ, Саъд ал-Ғомидӣ, Аҳмад ал-Аҷмӣ, Абубакр аш-Шотирӣ, Ҳонӣ ар-Рифоӣ, Муҳаммад Сиддиқ ал-Миншовӣ, Алӣ ал-Ҳузайфӣ, Муҳаммад Айюб, Абдуллоҳ Басфар, Ёсир ад-Дусарӣ, Носир ал-Қотамӣ, Салоҳ ал-Будайр, Саъуд аш-Шурайм, Абдуллоҳ Авад ал-Ҷуҳанӣ, Муҳаммад Ҷибрил шунида шавад.

WhatsApp