Muslim Flow дар ҳоли санҷиш аст ва ба қарибӣ дар Google Play пайдо мешавад. Боргирӣ

Сураи 82-уми Қуръон

Сураи Al-Infitar

Маккӣ 19 оят Ҷузъ 30
Al-Infitar

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتْ ﴿١﴾

Он гоҳ, ки осмон бишикофад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَإِذَا ٱلْكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتْ ﴿٢﴾

ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَإِذَا ٱلْبِحَارُ فُجِّرَتْ ﴿٣﴾

ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَإِذَا ٱلْقُبُورُ بُعْثِرَتْ ﴿٤﴾

ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

عَلِمَتْ نَفْسٌۭ مَّا قَدَّمَتْ وَأَخَّرَتْ ﴿٥﴾

ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يَٰٓأَيُّهَا ٱلْإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلْكَرِيمِ ﴿٦﴾

Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст).

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

ٱلَّذِى خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ ﴿٧﴾

Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فِىٓ أَىِّ صُورَةٍۢ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ ﴿٨﴾

Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод).

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

كَلَّا بَلْ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ ﴿٩﴾

Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَٰفِظِينَ ﴿١٠﴾

Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

كِرَامًۭا كَٰتِبِينَ ﴿١١﴾

котибоне бузургвор

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يَعْلَمُونَ مَا تَفْعَلُونَ ﴿١٢﴾

медонанд, ки шумо чӣ мекунед.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّ ٱلْأَبْرَارَ لَفِى نَعِيمٍۢ ﴿١٣﴾

Албатта некӯкорон дар неъматанд

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَإِنَّ ٱلْفُجَّارَ لَفِى جَحِيمٍۢ ﴿١٤﴾

ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يَصْلَوْنَهَا يَوْمَ ٱلدِّينِ ﴿١٥﴾

Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَمَا هُمْ عَنْهَا بِغَآئِبِينَ ﴿١٦﴾

ва аз он ғоиб нашаванд

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَمَآ أَدْرَىٰكَ مَا يَوْمُ ٱلدِّينِ ﴿١٧﴾

Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

ثُمَّ مَآ أَدْرَىٰكَ مَا يَوْمُ ٱلدِّينِ ﴿١٨﴾

Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يَوْمَ لَا تَمْلِكُ نَفْسٌۭ لِّنَفْسٍۢ شَيْـًۭٔا ۖ وَٱلْأَمْرُ يَوْمَئِذٍۢ لِّلَّهِ ﴿١٩﴾

Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

Al-Infitar Ояти 1 аз 19

Матни арабӣ: хати усмонӣ. Тарҷумаи англисӣ: AbdolMohammad Ayati. Садо: everyayah.com.

Дар бораи сураи Al-Infitar

Сураи Al-Infitar (الانفطار) сураи 82-уми Қуръон аст. Он 19 оят дорад ва дар Ҷузъи 30 ҷойгир аст. Он ба сураҳои маккӣ тааллуқ дорад, яъне асосан пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина нозил шудааст.

Номи он, الانفطار, ҳамон аст, ки сура ба арабӣ бо он маълум аст.

Саволҳо дар бораи сураи Al-Infitar

Дар сураи Al-Infitar чанд оят ҳаст?

Сураи Al-Infitar 19 оят дорад.

Оё сураи Al-Infitar маккӣ аст ё мадинӣ?

Он ба сураҳои Маккӣ тааллуқ дорад.

Сураи Al-Infitar дар кадом ҷузъ аст?

Сураи Al-Infitar дар ҷузъи 30 аст.

Сураи Al-Infitar-ро аз куҷо гӯш кардан мумкин аст?

Дар ин саҳифа «Пахш»-ро зер кунед, то оятбаоят бо овози Абдурраҳмон ас-Судайс, Мишорӣ Алофасӣ, Маҳмуд Халил ал-Ҳусарӣ, Абдулбосит Абдуссамад, Моҳир ал-Муайқилӣ, Саъд ал-Ғомидӣ, Аҳмад ал-Аҷмӣ, Абубакр аш-Шотирӣ, Ҳонӣ ар-Рифоӣ, Муҳаммад Сиддиқ ал-Миншовӣ, Алӣ ал-Ҳузайфӣ, Муҳаммад Айюб, Абдуллоҳ Басфар, Ёсир ад-Дусарӣ, Носир ал-Қотамӣ, Салоҳ ал-Будайр, Саъуд аш-Шурайм, Абдуллоҳ Авад ал-Ҷуҳанӣ, Муҳаммад Ҷибрил шунида шавад.

WhatsApp