Muslim Flow дар ҳоли санҷиш аст ва ба қарибӣ дар Google Play пайдо мешавад. Боргирӣ

Сураи 75-уми Қуръон

Сураи Al-Qiyamah

Маккӣ 40 оят Ҷузъ 29
Al-Qiyamah

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

لَآ أُقْسِمُ بِيَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ ﴿١﴾

Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَلَآ أُقْسِمُ بِٱلنَّفْسِ ٱللَّوَّامَةِ ﴿٢﴾

ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

أَيَحْسَبُ ٱلْإِنسَٰنُ أَلَّن نَّجْمَعَ عِظَامَهُۥ ﴿٣﴾

Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

بَلَىٰ قَٰدِرِينَ عَلَىٰٓ أَن نُّسَوِّىَ بَنَانَهُۥ ﴿٤﴾

Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

بَلْ يُرِيدُ ٱلْإِنسَٰنُ لِيَفْجُرَ أَمَامَهُۥ ﴿٥﴾

Балки одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يَسْـَٔلُ أَيَّانَ يَوْمُ ٱلْقِيَٰمَةِ ﴿٦﴾

Мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَإِذَا بَرِقَ ٱلْبَصَرُ ﴿٧﴾

Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَخَسَفَ ٱلْقَمَرُ ﴿٨﴾

ва моҳ тира шавад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَجُمِعَ ٱلشَّمْسُ وَٱلْقَمَرُ ﴿٩﴾

ва офтобу моҳ дар як ҷой ҷамъ оянд.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يَقُولُ ٱلْإِنسَٰنُ يَوْمَئِذٍ أَيْنَ ٱلْمَفَرُّ ﴿١٠﴾

Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

كَلَّا لَا وَزَرَ ﴿١١﴾

Ҳаргиз паноҳгоҳе нест!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ ٱلْمُسْتَقَرُّ ﴿١٢﴾

Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يُنَبَّؤُا۟ ٱلْإِنسَٰنُ يَوْمَئِذٍۭ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ ﴿١٣﴾

Дар ин рӯз одамиро аз ҳар чӣ пешопеш фиристода ва баъд аз худ гузоштааст, хабар медиҳанд.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

بَلِ ٱلْإِنسَٰنُ عَلَىٰ نَفْسِهِۦ بَصِيرَةٌۭ ﴿١٤﴾

Балки одамӣ худро нек мешиносад,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَلَوْ أَلْقَىٰ مَعَاذِيرَهُۥ ﴿١٥﴾

ҳарчанд ба забон узрҳо оварад.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

لَا تُحَرِّكْ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعْجَلَ بِهِۦٓ ﴿١٦﴾

Ба шитоб забон ба хондани Қуръон наҷунбон,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّ عَلَيْنَا جَمْعَهُۥ وَقُرْءَانَهُۥ ﴿١٧﴾

ки ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَإِذَا قَرَأْنَٰهُ فَٱتَّبِعْ قُرْءَانَهُۥ ﴿١٨﴾

Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا بَيَانَهُۥ ﴿١٩﴾

Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

كَلَّا بَلْ تُحِبُّونَ ٱلْعَاجِلَةَ ﴿٢٠﴾

Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَتَذَرُونَ ٱلْءَاخِرَةَ ﴿٢١﴾

ва охиратро тарк мекунед.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وُجُوهٌۭ يَوْمَئِذٍۢ نَّاضِرَةٌ ﴿٢٢﴾

Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٌۭ ﴿٢٣﴾

ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَوُجُوهٌۭ يَوْمَئِذٍۭ بَاسِرَةٌۭ ﴿٢٤﴾

ва рӯйҳое ҳаст гирифтаву турш,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

تَظُنُّ أَن يُفْعَلَ بِهَا فَاقِرَةٌۭ ﴿٢٥﴾

ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِىَ ﴿٢٦﴾

Оре, чун ҷон ба гулӯ расад

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَقِيلَ مَنْ ۜ رَاقٍۢ ﴿٢٧﴾

ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلْفِرَاقُ ﴿٢٨﴾

Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱلْتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ ﴿٢٩﴾

ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ ٱلْمَسَاقُ ﴿٣٠﴾

он рӯз рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ ﴿٣١﴾

На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ﴿٣٢﴾

Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардондааст.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰٓ أَهْلِهِۦ يَتَمَطَّىٰٓ ﴿٣٣﴾

Он гоҳ хиромон назди касонаш рафтааст.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰ ﴿٣٤﴾

Вой бар ту, пас вой бар ту!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

ثُمَّ أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰٓ ﴿٣٥﴾

Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

أَيَحْسَبُ ٱلْإِنسَٰنُ أَن يُتْرَكَ سُدًى ﴿٣٦﴾

Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ, вогузоштаанд?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

أَلَمْ يَكُ نُطْفَةًۭ مِّن مَّنِىٍّۢ يُمْنَىٰ ﴿٣٧﴾

Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме рехта шуда, набудааст?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

ثُمَّ كَانَ عَلَقَةًۭ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ ﴿٣٨﴾

Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَجَعَلَ مِنْهُ ٱلزَّوْجَيْنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلْأُنثَىٰٓ ﴿٣٩﴾

Ва онҳоро ду синф кард: нару мода.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

أَلَيْسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحْۦِىَ ٱلْمَوْتَىٰ ﴿٤٠﴾

Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

Al-Qiyamah Ояти 1 аз 40

Матни арабӣ: хати усмонӣ. Тарҷумаи англисӣ: AbdolMohammad Ayati. Садо: everyayah.com.

Дар бораи сураи Al-Qiyamah

Сураи Al-Qiyamah (القيامة) сураи 75-уми Қуръон аст. Он 40 оят дорад ва дар Ҷузъи 29 ҷойгир аст. Он ба сураҳои маккӣ тааллуқ дорад, яъне асосан пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина нозил шудааст.

Номи он, القيامة, ҳамон аст, ки сура ба арабӣ бо он маълум аст.

Саволҳо дар бораи сураи Al-Qiyamah

Дар сураи Al-Qiyamah чанд оят ҳаст?

Сураи Al-Qiyamah 40 оят дорад.

Оё сураи Al-Qiyamah маккӣ аст ё мадинӣ?

Он ба сураҳои Маккӣ тааллуқ дорад.

Сураи Al-Qiyamah дар кадом ҷузъ аст?

Сураи Al-Qiyamah дар ҷузъи 29 аст.

Сураи Al-Qiyamah-ро аз куҷо гӯш кардан мумкин аст?

Дар ин саҳифа «Пахш»-ро зер кунед, то оятбаоят бо овози Абдурраҳмон ас-Судайс, Мишорӣ Алофасӣ, Маҳмуд Халил ал-Ҳусарӣ, Абдулбосит Абдуссамад, Моҳир ал-Муайқилӣ, Саъд ал-Ғомидӣ, Аҳмад ал-Аҷмӣ, Абубакр аш-Шотирӣ, Ҳонӣ ар-Рифоӣ, Муҳаммад Сиддиқ ал-Миншовӣ, Алӣ ал-Ҳузайфӣ, Муҳаммад Айюб, Абдуллоҳ Басфар, Ёсир ад-Дусарӣ, Носир ал-Қотамӣ, Салоҳ ал-Будайр, Саъуд аш-Шурайм, Абдуллоҳ Авад ал-Ҷуҳанӣ, Муҳаммад Ҷибрил шунида шавад.

WhatsApp