Мужда
Фиристодагон ба зани Иброҳим мужда медиҳанд, ки Исҳоқ ва пас аз ӯ Яқуб хоҳад омад. Вай ҳайрон мешавад, пиразане бо шавҳари пир ва онҳо мегӯянд: «Оё аз фармони Аллоҳ ҳайрон мешавӣ?» Исҳоқ паёмбаре аз миёни солеҳон номида мешавад.
Намоиши оятҳо (5)
وَٱمْرَأَتُهُۥ قَآئِمَةٌۭ فَضَحِكَتْ فَبَشَّرْنَٰهَا بِإِسْحَٰقَ وَمِن وَرَآءِ إِسْحَٰقَ يَعْقُوبَ ﴿٧١﴾
Занаш, ки истода буд, хандид. Ӯро ба Исҳоқ хушхабар додем ва пас аз Исҳоқ ба Яъқуб.
قَالَتْ يَٰوَيْلَتَىٰٓ ءَأَلِدُ وَأَنَا۠ عَجُوزٌۭ وَهَٰذَا بَعْلِى شَيْخًا ۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَىْءٌ عَجِيبٌۭ ﴿٧٢﴾
Зан гуфт: «Вой бар ман, оё дар ин пиронсолӣ мезоям ва ин шавҳари ман низ пир аст? Ин чизи аҷибест!»
قَالُوٓا۟ أَتَعْجَبِينَ مِنْ أَمْرِ ٱللَّهِ ۖ رَحْمَتُ ٱللَّهِ وَبَرَكَٰتُهُۥ عَلَيْكُمْ أَهْلَ ٱلْبَيْتِ ۚ إِنَّهُۥ حَمِيدٌۭ مَّجِيدٌۭ ﴿٧٣﴾
Гуфтанд: «Оё аз фармони Худо таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Худо бар шумо — аҳли ин хона арзонӣ бод. Ӯ сутуданӣ ва бузургвор аст!
وَبَشَّرْنَٰهُ بِإِسْحَٰقَ نَبِيًّۭا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ﴿١١٢﴾
Ӯро ба Исҳок — паёмбаре шоиста мужда додем.
وَبَٰرَكْنَا عَلَيْهِ وَعَلَىٰٓ إِسْحَٰقَ ۚ وَمِن ذُرِّيَّتِهِمَا مُحْسِنٌۭ وَظَالِمٌۭ لِّنَفْسِهِۦ مُبِينٌۭ ﴿١١٣﴾
Ӯ на Исҳоқро баракат додем. Ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор ҳастанд ва баъзе ба ошкоро бар худ ситамкор.