Васияти охирин
Ҳангоме ки марг наздик мешавад, Яқуб аз писаронаш мепурсад, пас аз ӯ чиро парастиш хоҳанд кард. Онҳо ҷавоб медиҳанд, ки Худои ӯро, Худои падарони ӯ Иброҳим, Исмоил ва Исҳоқро, Худои ягонаро парастиш хоҳанд кард ва ба Ӯ таслим ҳастанд.
Намоиши оятҳо (2)
وَوَصَّىٰ بِهَآ إِبْرَٰهِۦمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَٰبَنِىَّ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصْطَفَىٰ لَكُمُ ٱلدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ ﴿١٣٢﴾
Иброҳим ба фарзандони худ васият кард, ки дар баробари Худо таслим шаванд. Ва Яъқуб ба фарзандони худ гуфт: «Эй фарзандони ман, Худо барои шумо ин динро баргузидааст, мабод бимиред, бе он ки ба он гардан ниҳода бошед».
أَمْ كُنتُمْ شُهَدَآءَ إِذْ حَضَرَ يَعْقُوبَ ٱلْمَوْتُ إِذْ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعْبُدُونَ مِنۢ بَعْدِى قَالُوا۟ نَعْبُدُ إِلَٰهَكَ وَإِلَٰهَ ءَابَآئِكَ إِبْرَٰهِۦمَ وَإِسْمَٰعِيلَ وَإِسْحَٰقَ إِلَٰهًۭا وَٰحِدًۭا وَنَحْنُ لَهُۥ مُسْلِمُونَ ﴿١٣٣﴾
Оё шумо ҳозир будед, он гоҳ, ки марги Яъқуб фаро расид ва ба фарзандонаш гуфт: «Пас аз ман чӣ чизро мепарастед?» Гуфтанд: «Худои ту ва Худои аҷдоди ту --- Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқро ба яктоӣ хоҳем парастид ва дар баробари Ӯ таслим ҳастем».