Muslim Flow дар ҳоли санҷиш аст ва ба қарибӣ дар Google Play пайдо мешавад. Боргирӣ

Сураи 73-уми Қуръон

Сураи Al-Muzzammil

Маккӣ 20 оят Ҷузъ 29
Al-Muzzammil

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

يَٰٓأَيُّهَا ٱلْمُزَّمِّلُ ﴿١﴾

Эй ҷома бар худ печида,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

قُمِ ٱلَّيْلَ إِلَّا قَلِيلًۭا ﴿٢﴾

Шабро зинда бидор, магар андакеро,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

نِّصْفَهُۥٓ أَوِ ٱنقُصْ مِنْهُ قَلِيلًا ﴿٣﴾

нимае аз онро ё андаке аз нима кам кун,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

أَوْ زِدْ عَلَيْهِ وَرَتِّلِ ٱلْقُرْءَانَ تَرْتِيلًا ﴿٤﴾

ё андаке бар нима бияфзой ва Қуръонро оҳиставу равшан бихон.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّا سَنُلْقِى عَلَيْكَ قَوْلًۭا ثَقِيلًا ﴿٥﴾

Мо ба ту сухане душворро илқо (андохтан, омӯхтан) хоҳем кард.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّ نَاشِئَةَ ٱلَّيْلِ هِىَ أَشَدُّ وَطْـًۭٔا وَأَقْوَمُ قِيلًا ﴿٦﴾

Албатта шабҳангом аз бистар бархостан мувофиқати забону дилро афзояндатар аст ва баёни суханро устувор дорандатар

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّ لَكَ فِى ٱلنَّهَارِ سَبْحًۭا طَوِيلًۭا ﴿٧﴾

ки корҳои ту дар рӯз бисёр аст.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱذْكُرِ ٱسْمَ رَبِّكَ وَتَبَتَّلْ إِلَيْهِ تَبْتِيلًۭا ﴿٨﴾

Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва аз ҳама бибур ва ба Ӯ бипайванд:

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

رَّبُّ ٱلْمَشْرِقِ وَٱلْمَغْرِبِ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَٱتَّخِذْهُ وَكِيلًۭا ﴿٩﴾

Парвардигори машриқу мағриб. Ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Ӯро корсози худ интихоб кун!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَٱصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَٱهْجُرْهُمْ هَجْرًۭا جَمِيلًۭا ﴿١٠﴾

Ва бар он чӣ мегӯянд, сабр кун ва ба ваҷҳе писандида аз онҳо дурӣ ҷӯй.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَذَرْنِى وَٱلْمُكَذِّبِينَ أُو۟لِى ٱلنَّعْمَةِ وَمَهِّلْهُمْ قَلِيلًا ﴿١١﴾

Дурӯғбарорандагони соҳибнеъматро ба Ман бигузор. Ва андаке мӯҳлаташон деҳ.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّ لَدَيْنَآ أَنكَالًۭا وَجَحِيمًۭا ﴿١٢﴾

Назди Мост бандҳои вазнин ва дӯзах.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

وَطَعَامًۭا ذَا غُصَّةٍۢ وَعَذَابًا أَلِيمًۭا ﴿١٣﴾

ва таъоме гулӯгиру азобе дардовар,

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

يَوْمَ تَرْجُفُ ٱلْأَرْضُ وَٱلْجِبَالُ وَكَانَتِ ٱلْجِبَالُ كَثِيبًۭا مَّهِيلًا ﴿١٤﴾

рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза оянд ва кӯҳҳо теппае аз реги равон гарданд!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّآ أَرْسَلْنَآ إِلَيْكُمْ رَسُولًۭا شَٰهِدًا عَلَيْكُمْ كَمَآ أَرْسَلْنَآ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ رَسُولًۭا ﴿١٥﴾

Мо бар шумо паёмбаре фиристодем, ки бар амалҳоятон гувоҳ аст, ҳамон тавр, ки ба Фиръавн ҳам паёмбаре фиристодем.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَعَصَىٰ فِرْعَوْنُ ٱلرَّسُولَ فَأَخَذْنَٰهُ أَخْذًۭا وَبِيلًۭا ﴿١٦﴾

Ва Фиръавн ба паёмбар фармон набурд. Мо низ ӯро ба сахтӣ фурӯ гирифтем.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

فَكَيْفَ تَتَّقُونَ إِن كَفَرْتُمْ يَوْمًۭا يَجْعَلُ ٱلْوِلْدَٰنَ شِيبًا ﴿١٧﴾

Агар кофир бошед, дар рӯзе, ки кӯдаконро пир мегардонад, чӣ гуна дар амон монед?

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

ٱلسَّمَآءُ مُنفَطِرٌۢ بِهِۦ ۚ كَانَ وَعْدُهُۥ مَفْعُولًا ﴿١٨﴾

Дар он рӯз осмон бишикофад ва ваъдаи Худо ба вуқӯъ пайвандад.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذْكِرَةٌۭ ۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلًا ﴿١٩﴾

Ин пандест. Пас ҳар кӣ бихоҳад, роҳе ба сӯи Парвардигораш оғоз кунад.

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

۞ إِنَّ رَبَّكَ يَعْلَمُ أَنَّكَ تَقُومُ أَدْنَىٰ مِن ثُلُثَىِ ٱلَّيْلِ وَنِصْفَهُۥ وَثُلُثَهُۥ وَطَآئِفَةٌۭ مِّنَ ٱلَّذِينَ مَعَكَ ۚ وَٱللَّهُ يُقَدِّرُ ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ ۚ عَلِمَ أَن لَّن تُحْصُوهُ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۖ فَٱقْرَءُوا۟ مَا تَيَسَّرَ مِنَ ٱلْقُرْءَانِ ۚ عَلِمَ أَن سَيَكُونُ مِنكُم مَّرْضَىٰ ۙ وَءَاخَرُونَ يَضْرِبُونَ فِى ٱلْأَرْضِ يَبْتَغُونَ مِن فَضْلِ ٱللَّهِ ۙ وَءَاخَرُونَ يُقَٰتِلُونَ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ ۖ فَٱقْرَءُوا۟ مَا تَيَسَّرَ مِنْهُ ۚ وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَقْرِضُوا۟ ٱللَّهَ قَرْضًا حَسَنًۭا ۚ وَمَا تُقَدِّمُوا۟ لِأَنفُسِكُم مِّنْ خَيْرٍۢ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيْرًۭا وَأَعْظَمَ أَجْرًۭا ۚ وَٱسْتَغْفِرُوا۟ ٱللَّهَ ۖ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌۭ رَّحِيمٌۢ ﴿٢٠﴾

Парвардигори ту медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду сеяки шабу нимшаб ва сеяки шабро ба намоз меистед. Ва Худост, ки андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо ҳаргиз ҳисоби онро натавонед дошт. Пас тавбаи шуморо қабул кард. Ва ҳар чӣ муяссар шавад, аз Қуръон бихонед. Медонад чӣ касоне аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе дигар ба талаби рӯзии Худо ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Худо ба ҷанг мераванд. Пас ҳар чӣ муяссар шавад, аз он бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед ва ба Худо қарзи некӯ диҳед. Ва ҳар хайреро, ки барои худ пешопеш бифиристед, онро назди Худо хоҳед ёфт. Ва он мукофоти беҳтар аст ва музде бузургтар аст. Ва аз Худо бахшоиш бихоҳед, зеро Худо бахшояндаву меҳрубон аст!

Тафсири ал-Муяссар (арабӣ)

Al-Muzzammil Ояти 1 аз 20

Матни арабӣ: хати усмонӣ. Тарҷумаи англисӣ: AbdolMohammad Ayati. Садо: everyayah.com.

Дар бораи сураи Al-Muzzammil

Сураи Al-Muzzammil (المزمل) сураи 73-уми Қуръон аст. Он 20 оят дорад ва дар Ҷузъи 29 ҷойгир аст. Он ба сураҳои маккӣ тааллуқ дорад, яъне асосан пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина нозил шудааст.

Номи он, المزمل, ҳамон аст, ки сура ба арабӣ бо он маълум аст.

Саволҳо дар бораи сураи Al-Muzzammil

Дар сураи Al-Muzzammil чанд оят ҳаст?

Сураи Al-Muzzammil 20 оят дорад.

Оё сураи Al-Muzzammil маккӣ аст ё мадинӣ?

Он ба сураҳои Маккӣ тааллуқ дорад.

Сураи Al-Muzzammil дар кадом ҷузъ аст?

Сураи Al-Muzzammil дар ҷузъи 29 аст.

Сураи Al-Muzzammil-ро аз куҷо гӯш кардан мумкин аст?

Дар ин саҳифа «Пахш»-ро зер кунед, то оятбаоят бо овози Абдурраҳмон ас-Судайс, Мишорӣ Алофасӣ, Маҳмуд Халил ал-Ҳусарӣ, Абдулбосит Абдуссамад, Моҳир ал-Муайқилӣ, Саъд ал-Ғомидӣ, Аҳмад ал-Аҷмӣ, Абубакр аш-Шотирӣ, Ҳонӣ ар-Рифоӣ, Муҳаммад Сиддиқ ал-Миншовӣ, Алӣ ал-Ҳузайфӣ, Муҳаммад Айюб, Абдуллоҳ Басфар, Ёсир ад-Дусарӣ, Носир ал-Қотамӣ, Салоҳ ал-Будайр, Саъуд аш-Шурайм, Абдуллоҳ Авад ал-Ҷуҳанӣ, Муҳаммад Ҷибрил шунида шавад.

WhatsApp