Muslim Flow дар ҳоли санҷиш аст ва ба қарибӣ дар Google Play пайдо мешавад. Боргирӣ

Паёмбар Salih

5 / 25 صالح 20 оят

Солеҳ ба сӯи қавми Самуд фиристода шуд.

1

Модашутур

Солеҳ аз Парвардигораш нишонае меорад: модашутури Аллоҳ. Вай бояд дар замини Аллоҳ бичарад ва дар рӯзи муайян об миёни онҳо тақсим шавад ва ба вай ҳеҷ зиёне нарасад. Онҳо пояшро мебуранд ва Солеҳ ба онҳо мегӯяд, ки се рӯз дар хонаҳои худ баҳра баранд.

Намоиши оятҳо (12)

وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَٰلِحًۭا ۗ قَالَ يَٰقَوْمِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُۥ ۖ قَدْ جَآءَتْكُم بَيِّنَةٌۭ مِّن رَّبِّكُمْ ۖ هَٰذِهِۦ نَاقَةُ ٱللَّهِ لَكُمْ ءَايَةًۭ ۖ فَذَرُوهَا تَأْكُلْ فِىٓ أَرْضِ ٱللَّهِ ۖ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٍۢ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌۭ ﴿٧٣﴾

Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Худо барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Худо бароятон нишонаест. Ӯро бигузоред то дар замини Худо бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт.

وَٱذْكُرُوٓا۟ إِذْ جَعَلَكُمْ خُلَفَآءَ مِنۢ بَعْدِ عَادٍۢ وَبَوَّأَكُمْ فِى ٱلْأَرْضِ تَتَّخِذُونَ مِن سُهُولِهَا قُصُورًۭا وَتَنْحِتُونَ ٱلْجِبَالَ بُيُوتًۭا ۖ فَٱذْكُرُوٓا۟ ءَالَآءَ ٱللَّهِ وَلَا تَعْثَوْا۟ فِى ٱلْأَرْضِ مُفْسِدِينَ ﴿٧٤﴾

Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишинони қавми Од кард ва дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи хокаш қасрҳо бино кунед ва дар кӯҳистонҳояш хонаҳое биканед, Неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!»

قَالَ ٱلْمَلَأُ ٱلَّذِينَ ٱسْتَكْبَرُوا۟ مِن قَوْمِهِۦ لِلَّذِينَ ٱسْتُضْعِفُوا۟ لِمَنْ ءَامَنَ مِنْهُمْ أَتَعْلَمُونَ أَنَّ صَٰلِحًۭا مُّرْسَلٌۭ مِّن رَّبِّهِۦ ۚ قَالُوٓا۟ إِنَّا بِمَآ أُرْسِلَ بِهِۦ مُؤْمِنُونَ ﴿٧٥﴾

Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба забуншудагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омада аст?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки ба он амр шуда, имон дорем!»

قَالَ ٱلَّذِينَ ٱسْتَكْبَرُوٓا۟ إِنَّا بِٱلَّذِىٓ ءَامَنتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ ﴿٧٦﴾

Гарданкашон гуфтанд: «Мо ба касе, ки шумо имон овардаед, имон намеоварем».

فَعَقَرُوا۟ ٱلنَّاقَةَ وَعَتَوْا۟ عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ وَقَالُوا۟ يَٰصَٰلِحُ ٱئْتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ ﴿٧٧﴾

Пас модашутурро қатл карданд ва аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар паёмбар ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!»

فَأَخَذَتْهُمُ ٱلرَّجْفَةُ فَأَصْبَحُوا۟ فِى دَارِهِمْ جَٰثِمِينَ ﴿٧٨﴾

Пас зилзилае сахт ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд.

فَتَوَلَّىٰ عَنْهُمْ وَقَالَ يَٰقَوْمِ لَقَدْ أَبْلَغْتُكُمْ رِسَالَةَ رَبِّى وَنَصَحْتُ لَكُمْ وَلَٰكِن لَّا تُحِبُّونَ ٱلنَّٰصِحِينَ ﴿٧٩﴾

Солеҳ аз онон рӯй баргардонид ва гуфт: «Эй қавми ман, рисолати Парвардигорамро ба шумо расонидам ва шуморо панд додам, вале шумо некхоҳонро дӯст надоред!»

۞ وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَٰلِحًۭا ۚ قَالَ يَٰقَوْمِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُۥ ۖ هُوَ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلْأَرْضِ وَٱسْتَعْمَرَكُمْ فِيهَا فَٱسْتَغْفِرُوهُ ثُمَّ تُوبُوٓا۟ إِلَيْهِ ۚ إِنَّ رَبِّى قَرِيبٌۭ مُّجِيبٌۭ ﴿٦١﴾

Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман. Худой якторо бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ худое нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки ободонаш доред. Пас бахшоиш хоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед. Албатта Парвардигори ман наздик аст ва дуъоҳоро иҷобат мекунад!»

قَالُوا۟ يَٰصَٰلِحُ قَدْ كُنتَ فِينَا مَرْجُوًّۭا قَبْلَ هَٰذَآ ۖ أَتَنْهَىٰنَآ أَن نَّعْبُدَ مَا يَعْبُدُ ءَابَآؤُنَا وَإِنَّنَا لَفِى شَكٍّۢ مِّمَّا تَدْعُونَآ إِلَيْهِ مُرِيبٍۢ ﴿٦٢﴾

Гуфтанд: «Эй Солеҳ пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар шаккем».

قَالَ يَٰقَوْمِ أَرَءَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍۢ مِّن رَّبِّى وَءَاتَىٰنِى مِنْهُ رَحْمَةًۭ فَمَن يَنصُرُنِى مِنَ ٱللَّهِ إِنْ عَصَيْتُهُۥ ۖ فَمَا تَزِيدُونَنِى غَيْرَ تَخْسِيرٍۢ ﴿٦٣﴾

Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ гӯед агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва Ӯ маро раҳмати худ арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд.

وَيَٰقَوْمِ هَٰذِهِۦ نَاقَةُ ٱللَّهِ لَكُمْ ءَايَةًۭ فَذَرُوهَا تَأْكُلْ فِىٓ أَرْضِ ٱللَّهِ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٍۢ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابٌۭ قَرِيبٌۭ ﴿٦٤﴾

Эй қавми ман, ин модашутури Худованд аст ва нишонаест барои шумо. Бигзоредаш то дар замини Худо бичарад ва ба бадӣ маёзоредаш, ки ба зуди азоб шуморо фурӯ гирад».

فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُوا۟ فِى دَارِكُمْ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٍۢ ۖ ذَٰلِكَ وَعْدٌ غَيْرُ مَكْذُوبٍۢ ﴿٦٥﴾

Пас модашутурро қатл карданд. Гуфт: «Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ».

2

Азоб

Вақте фармони Аллоҳ меояд, Ӯ Солеҳ ва ҳамроҳонашро бо раҳмати Худ наҷот медиҳад ва нидои сахт ситамгоронро мегирад, то дар хонаҳояшон беҷон афтанд. Сураи аш-Шамс мегӯяд, ки туғёни онҳо буд, ки Самудро ба таквиб водошт.

Намоиши оятҳо (8)

فَلَمَّا جَآءَ أَمْرُنَا نَجَّيْنَا صَٰلِحًۭا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مَعَهُۥ بِرَحْمَةٍۢ مِّنَّا وَمِنْ خِزْىِ يَوْمِئِذٍ ۗ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلْقَوِىُّ ٱلْعَزِيزُ ﴿٦٦﴾

Чун амри Мо фаро расид Солеҳро бо касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати худ аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст!

وَأَخَذَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ ٱلصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُوا۟ فِى دِيَٰرِهِمْ جَٰثِمِينَ ﴿٦٧﴾

Ва ситамкоронро сайҳае (наърае) фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд.

كَأَن لَّمْ يَغْنَوْا۟ فِيهَآ ۗ أَلَآ إِنَّ ثَمُودَا۟ كَفَرُوا۟ رَبَّهُمْ ۗ أَلَا بُعْدًۭا لِّثَمُودَ ﴿٦٨﴾

Чунон ки гӯё ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, ҳамоно, бар қавми Самуд лаънат бод!

كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِطَغْوَىٰهَآ ﴿١١﴾

Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд.

إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشْقَىٰهَا ﴿١٢﴾

Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.

فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقْيَٰهَا ﴿١٣﴾

Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред!

فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمْدَمَ عَلَيْهِمْ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمْ فَسَوَّىٰهَا ﴿١٤﴾

Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт.

وَلَا يَخَافُ عُقْبَٰهَا ﴿١٥﴾

Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад.

Ин қисса танҳо аз Қуръон гирифта шудааст. Тафсилот аз китобҳои дигар илова нашудааст.

Матни арабӣ: хати усмонӣ. Тарҷума: AbdolMohammad Ayati.

Саволҳо дар бораи паёмбарон

Паёмбар Salih кӣ буд?

Солеҳ ба сӯи қавми Самуд фиристода шуд.

Қиссаи Salih дар Қуръон дар куҷост?

Он дар Al-A'raf 7:73–79, Hud 11:61–65, Hud 11:66–68, Ash-Shams 91:11–15 аст. Ин саҳифа ин оятҳоро ба арабӣ ва ба забони шумо нишон медиҳад.

WhatsApp