Ҷонишин дар рӯи замин
Аллоҳ ба фариштагон мегӯяд, ки дар рӯи замин ҷонишине хоҳад гузошт. Ӯ ба Одам номҳои ҳама чизро меомӯзад ва фариштагон иқрор мешаванд, ки онҳо танҳо он чиро медонанд, ки Ӯ ба онҳо омӯхтааст.
Намоиши оятҳо (4)
وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّى جَاعِلٌۭ فِى ٱلْأَرْضِ خَلِيفَةًۭ ۖ قَالُوٓا۟ أَتَجْعَلُ فِيهَا مَن يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ ٱلدِّمَآءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ ۖ قَالَ إِنِّىٓ أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ ﴿٣٠﴾
Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар замин халифае меофаринам», гуфтанд: «Оё касеро меофарини, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба поки иқрор мекунем?». Гуфт: «Ман он донам, ки шумо намедонед».
وَعَلَّمَ ءَادَمَ ٱلْأَسْمَآءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى ٱلْمَلَٰٓئِكَةِ فَقَالَ أَنۢبِـُٔونِى بِأَسْمَآءِ هَٰٓؤُلَآءِ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ ﴿٣١﴾
Ва ноҳоро ба тамомӣ ба Одам биёмухт. Сипас онҳоро ба фариштагон арза кард. Ва гуфт: «Агар рост мегӯед, Маро ба номҳои инҳо хабар диҳед».
قَالُوا۟ سُبْحَٰنَكَ لَا عِلْمَ لَنَآ إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَآ ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْعَلِيمُ ٱلْحَكِيمُ ﴿٣٢﴾
Гуфтанд: «Муназзаҳӣ (покӣ) Ту. Моро ҷуз он чӣ Худ ба мо омӯхтаӣ, донише нест. Тӯӣ донои ҳаким!»
قَالَ يَٰٓـَٔادَمُ أَنۢبِئْهُم بِأَسْمَآئِهِمْ ۖ فَلَمَّآ أَنۢبَأَهُم بِأَسْمَآئِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ إِنِّىٓ أَعْلَمُ غَيْبَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنتُمْ تَكْتُمُونَ ﴿٣٣﴾
Гуфт: «Эй Одам, онҳоро аз номҳояшон огоҳ кун!» Чун аз он номҳо огаҳашон кард, Худо гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки манн ниҳони осмонҳову заминро медонам ва бар он чӣ ошкор мекунед ва пинҳон медоштед, огаҳам?».